Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо пайвандони кушташудагон дар Орландо мулоқот мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи панҷшанбе, 17 июн дар шаҳри Орландои вилояти Флорида бо афроди аз ҳамла ба клуби шабона ҷон ба саломатбурда ва пайвандони қурбониёни ин куштор мулоқот хоҳад кард. Дар сафар ба Орландо ӯро муовини раисиҷумҳур Ҷо Байден ҳамроҳӣ мекунад.

Куштори бесобиқа дар таърихи навини Амрико шаби 12 июн рӯй дод - Умар Матин, марди 29-солаи афғонасли сокини шаҳри Орландо, дар клуби Pulse 49 нафарро кушт ва 53 каси дигарро захмӣ кард.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давдлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

Ба иттилои пулиси Амрико, Умар Матин бо истифода аз автомати AR-15 ва туфанги дастӣ фурсати кӯтоҳе пеш аз соати дуи бомдод ба клуби шабона ҳамла карда ва сипас муштариёни клубро барои се соат гаравгон мегирад ва сипас дар тирандозӣ бо маъмурони амниятӣ кушта мешавад.

Барак Обама ҳамла ба Орландоро “амали террористӣ ва зодаи нафрат” номид. Ӯ гуфт, ки мақомот, “тамоми ҳодисаро меомӯзанд” ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад. Вале гуфт, ӯ, “мақомот ҳанӯз дар бораи ангезаҳои аслии куштор ба хулосаи мушаххас нарасидаанд.”

Ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароҳо – мудҳиштарин куштор дар таърихи навини Амрико ҳамсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG