Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳавошиносон иҷоза доданд бо худ силоҳ бигиранд


Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи фахолияти обуҳавошиносӣ” кормандони идораҳои ҳавошиносӣ ҳаққ доранд бо худ силоҳи оташнишон дошта бошанд. Ҳомидҷон Расулзода, раиси Оҷонсии ҳавосанҷии Кумитаи ҳифзи муҳити зист рӯзи 17-уми июн пас аз муаррифии ин тарҳ дар парлумони Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз ворид кардани ин тағйирот дар он аст, ки бисёре аз стансияҳои обуҳавошиносӣ ва бунгоҳҳои обченкунӣ, ва ҳамчунин онҳое, ки ба экспедитсияҳои сафарбар мешаванд, дар шароити мушкил ва хатарнок қарор доранд. Ба гуфтаи вай, давоми шабонарӯз кормандони идораҳои ҳавошиносӣ, ки дар баландкӯҳҳо фаъолият мекунанд, борҳо ба берун баромада таҳлилҳо ва озмоишҳо мегузаронанд. Ин аст, ки ба гуфтаи Ҳомидҷон Расулзода, барои ҳифзи ҷони кормандони ин соҳа, зарурат ба тайғирот дар қонун "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ" ба миён омад ва иҷозат дода шуд, ки онҳо бо худ аслиҳа, аз ҷумла силоҳҳои шикорӣ дошта бошанд. Дар замони шӯравӣ кормандони ин соҳа иҷозаи бо худ доштани силоҳро доштанд. Аммо замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон доштани силоҳ барои ҳавошиносон низ мамнӯъ шуд.

XS
SM
MD
LG