Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии дипломатҳои ИМА аз сиёсати Кохи Сафед дар Сурия


Кормандони вазорати умури хориҷии ИМА аз Кохи Сафед хостанд, ки алайҳи режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад аз чораҳои қатъӣ кор бигирад. Нашрияи The Wall Street Journal рӯзи панҷшанбе дар ин бора бо такя ба санаде хабар дод, ки ба дасташ уфтодааст. Зери нома 51 нафар аз кормандони вазорат имзо гузоштаанд.

Дипломатҳо ба хулосае омадаанд, ки агар ИМА мехоҳад сунниҳои Сурияро ба тарафи худ ҷалб кунад ва онҳоро барои пуштибонӣ накардан аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” розӣ намояд, роҳи ягона – мӯътақоид сохтани аҳолии кишвар ба талоши воқеии Вошингтон барои аз байн бурдани режими феълии Димишқ аст.

Ноком шудани созиши оташбас дар Сурия, ки моҳи феврал ҳосил шуда буд, чораҳеро ба ҷуз зарбаҳои низомӣ ба нерӯҳои ҳукуматӣ боқӣ нагузоштааст, омадааст дар номаи дипломатҳо ба Кохи Сафед.

Муаллифон аз сиёсати берунаи ИМА норозиянд, ки аз ягон тарафи низоъ дар ҷанги Сурия пуштибонӣ карданӣ нест. Дар нома ба нақзи густурдаи созиши оташбас аз сӯи режими Башор Асад ва ба амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бо пуштибонии Русия алайҳи гурӯҳҳое, ки аз Вошингтон кӯмак мегиранд, ишора шудааст.

Бори аввал аст, ки дипломатҳои амрикоӣ дастаҷамъона алайҳи сиёсати Кохи Сафед дар мавриди Сурия изҳори норозигӣ мекунанд.

Вазорати умури хориҷии ИМА мавҷудияти номаро тасдиқ кард ва аммо аз шарҳи он, то баррасӣ шуданаш аз сӯи раҳбарияти вазорат, худдорӣ намуд.

Кохи Сафед аз он андеша мекунад, ки амалиёт алайҳи режими Башор Асад шояд боиси низои мустақими ИМА бо Русия ва Эрон шавад.

XS
SM
MD
LG