Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ба модели нави рушди иқтисод мегузарад


Давлати Тоҷикистон дар садад аст дар се панҷсолаи оянда то соли 2030, ба модели нави рушди иктисодӣ бигзарад. Зафарҷон Бурҳонзода, роҳбари Раёсати таҳлили макроиқтисод, ояндабини ва ислоҳоти иқтисодӣ рӯзи 17- уми июн дар як ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистон дар панҷсолаи нахустини рушдаш, яъне дар солҳои 2016- 2020 талош мекунад вобастагиашро аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ коҳиш бидиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра дар такя ба се самт- сармоягузорӣ, гуногунсозии иқтисодиёт ва воридотивазкунӣ, ба модели нави рушди иқтисод бигузарад. Ӯ гуфт, ҳарчанд вобастагии рушди иқтисоди кишвар аз интиқолҳои пулӣ аз хориҷи кишвар ҳарчанд дар қиёс ба солҳои гузашта коҳиш ёфтааст, аммо ҳамоно боло аст. Бурҳонзода гуфт, Тоҷикистон новобаста ба таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ, талош дорад рушди 6 дарсадиро нигоҳ дорад. Рушди 6 дарсадӣ ба таъкиди ин мақоми давлатӣ, аз хисоби ба кор даровардани 160 корхона дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолият ба даст хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG