Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи тарҳи нави Кодекси меҳнат, корфармо ҳаққ дорад шартномаи меҳнатии коргареро, ки дар ҳолати мастӣ ба кор ҳозир мешавад, бекор кунад ва ё аз додани маош дар ҳамон давра, худдорӣ намояд.

Парлумони Тоҷикистон дар нишасти рӯзи ҷумъаи худ тарҳи нави Кодекси меҳнатро баррасӣ кард. Бар пояи яке аз бандҳои ин кодекс, корфармо ҳаққ дорад шартномаи меҳнатии коргареро, ки дар ҳолати мастӣ ба ҷои кор меояд ва аз ташхис худдорӣ менамояд, бекор кунад. Корфармо ҳамчунин ҳаққ дорад, ки аз додани маош ба ин коргар дар ҳамон давра, худдорӣ намояд.

Азизмухаммад Холмуҳаммадзода, вакили парлумон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, агар коргар дар ҳолати мастӣ, яъне истифода аз маводҳои спиртӣ, нашъадор ва ё психотропӣ ба кор хозир шавад ва аз гузаштани ташхиси тиббӣ саркашӣ кунад, корфармо ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатиро якҷониба қатъ кунад ва ё аз пардохти ҳақмузд дар ҳамон давра худдорӣ намояд.

Дар замони Шӯравӣ низ афроде, ки дар ҳолати мастӣ ба кор ҳозир мешуданд, дар ҷаласаҳои иттифоқҳои касабаи корхонаву муассисаҳо муҳокима ва муҷозот мешуданд ва онҳоро аз баъзе имтиёзҳо, аз ҷумла мукофотпулиҳо маҳрум мекарданд.

Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни муаррифии тарҳи нави Кодекси меҳнат гуфт, ки тарҳи нав аз қонуни қаблӣ бо ҳаҷми калон ва мафҳумҳои нави худ фарқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин тарҳ аз 6 фасл 41 боб ва 336 модда иборат буда, он мафҳумҳои нав ба мисли соҳибкорони инфиродӣ, хонакорон, кормандони мавсимӣ, кормандони техникӣ ва кормандони давлативу ғайридавлатиро дар бар мегирад.

Аз ҷумла боби 12-ум танзими меҳнати занонро дар бар гирифта ва ба шахсоне, ки ӯхдадорихои оилавӣ доранд, кафолатҳои иловагиро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, дар ин тарҳ махдудият дар қатъи мӯҳлати шартномаи меҳнатии занон ва шахсоне, ки ӯхдадорихои оилавӣ доранд, дар назар гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин тарҳ мӯҳлати рухсатӣ барои рӯзноманигорон, варзишгарон ва кишоварзон нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки дар Кодекси қаблӣ вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи хонум Тағоева, гурӯҳи корие, ки ин тарҳро омода кардаанд, аз ҷониби худи президент интихоб шуда, кодекси нав бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ омода шудааст. Шукурҷон Зухуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии ин тарҳ гуфт, ки кодекси мазкур барои ҳар як шаҳрванди кишвар ва идораву вазоратҳо ва ҳифзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон равона шудааст ва ба муддати тӯлонӣ таҳти омӯзиши Маҷлиси намояндагон қарор дошт.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG