Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии тарҳи нави Кодекси меҳнат дар парлумон


Дар нишасти рӯзи ҷумъаи парлумони Тоҷикистон тарҳи нави Кодеси меҳнат баррасӣ шуд. Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни муаррифии он гуфт, ки тарҳи нав аз қонуни қаблӣ бо ҳаҷми калон ва мафҳумҳои нави худ фарқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин тарҳ аз 6 фасл 41 боб ва 336 модда иборат буда, он мафҳумҳои нав ба мисли соҳибкорони инфиродӣ, хонакорон, кормандони мавсимӣ, кормандони техникӣ ва кормандони давлативу ғайридавлатиро дар бар мегирад.

Аз ҷумла боби 12-ум танзими меҳнати занонро дар бар гирифта ва ба шахсоне, ки ӯхдадорихои оилавӣ доранд, кафолатҳои иловагиро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, дар ин тарҳ махдудият дар қатъи мӯҳлати шартномаи меҳнатии занон ва шахсоне, ки ӯхдадорихои оилавӣ доранд, дар назар гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин тарҳ мӯҳлати рухсатӣ барои рӯзноманигоон, варзишгарон ва кишоварзон нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки дар Кодекси пешин вуҷуд надошт.

Ба гуфтаи хонум Тағоева, гурӯхи корие, ки ин тарҳро омода кардаанд, аз ҷониби худи президент интихоб шуда, кодекси нав бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ омода шудааст. Шукурчон Зухуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии ин тарҳ гуфт, ки кодекси мазкур барои ҳар як шаҳраванди кишвар ва идораву вазоратҳо ва ҳифзи ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон равона шудааст ва ба муддати тӯлони тахти омӯзиши Маҷлиси намояндагон қарор дошт.

XS
SM
MD
LG