Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Украина 220 млн доллар кӯмак мекунад


Ҷо Байден ва Володимир Ҳройсман
Ҷо Байден ва Володимир Ҳройсман

Кохи Сафеди Амрико мегӯяд, ки ба Украина 220 миллион доллар кӯмак медиҳад, то Киев талошҳои худро барои ислоҳот дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ ва энержӣ анҷом диҳад.

Дар ин бора 15 июн Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо Володимир Ҳройсман-нахуствазири Украина хабар дод. Кохи Сафед мегӯяд, ки ин кӯмакҳо ба Украина ёрӣ мерасонад, то ниҳодҳои демократӣ тақвият ёбанд ва авлавияти қонун таҳким ёбад.

Ба гуфтаи Кохи Сафед, дар миёни барномаҳои баландпарвозонаи Ҳройсман суръат бахшидани ислоҳоти гумрукӣ идомаи мубориза бо ришвахорӣ тавассути анҷоми ислоҳот дар бахши адлия ва иҷрои иловаҳо дар Қонуни Асосии ин кишвар мебошад, ки 2 июн ба тасвиб расидаанд.

XS
SM
MD
LG