Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли маҳрумият аз медалҳои тиллои варзишгарони қазоқ


Иля Илин

Иля Илин

4 нафар қаҳрамонони варзиши Қазоқистон дар навъи вазнабардорӣ, аз ҷумла Иля Илин дар феҳристи 10 нафар варзишгаре омадаанд, ки дар санҷиши таркиби хуни онҳо осори доруҳои нирузо мушоҳида шудааст. Ин санҷишҳоро соли 2012 дар бозиҳои олимпии Лондон гирифта будаанд.

Илин дар вазни 94 килограм медали тилло гирифта буд. Се нафар занон Зулфия Чиншано (53 кг), Майа Манеза (63кг) ва Светлана Подобедова (75 кг) низ унвони қаҳрамонӣ доранд ва дар таркиби хуни онҳо низ санҷиш мавҷудияти чунин доруро нишон додааст.

Дар ин бора Федератсияи байналмиллалии вазнабардорӣ 15 июн хабар дод.

Федератсияи мазкур ҳамаи 10 нафарро аз ширкат дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио де Женейро боздоштааст. Илин яке аз вазнабардоронест, ки интизор мерафт, то дар Рио довталаби асосии медали тилло бошад.

Ин бозиҳо моҳи август оғоз мешавад ва интизор меравад, ки ҳамаи 4 варзишгари қазоқ, ки дар Лондон медали тилло гирифта буданд, аз медалҳои худ маҳрум шаванд.

Ба ин таритиб Қазоқистон аз лиҳози медалҳо дар бозиҳои олимпии Лондон аз зинаи 12 ба зинаи 23 поин меравад.

Илин 4 бор қаҳрамони ҷаҳон шудааст ва дӯсти наздики Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон мебошад.

XS
SM
MD
LG