Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз ба даст кашидан аз имтиёзҳо омода нестанд


Вакилони порлумони Қирғизистон тағйиру иловаҳоро ба қонунеи даст кашидани намояндагони Жогорку Кенеш аз манзили хизматию имтиёзҳои дигарро рад карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Жогорку Кенеш хабар додааст.

Даст кашидани вакилони қирғиз аз мошину ронанда ва манзили хизматию коҳиши теъдоди ёварон ба ҳисоби миёна хароҷоти Жогорку Кенешро 243,5 миллион сом кам мекард.

Дар ҳамин ҳол, як қатор вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод кардаанд, ки қонуни мазкур аз нав баррасӣ шавад.

Раддияи вакилони порлумони Қирғизистон дар ҳолест, ки пеш аз баргузоории интихоботи порлумонӣ фаъолони шаҳрвандӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ хоста буданд, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот аз имтиёзҳои вакилӣ ва мақоми дахлнопазирии он даст кашанд.

XS
SM
MD
LG