Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пули Дудергофский ба номи Аҳмад Қодиров гузошта шуд


Георгий Полтавченко, шаҳрдори Санкт-Петербург қарореро имзо кардааст, ки бар пояи он пули фарози наҳри Дудергофский ба номи Аҳмад Қодиров, президенти нахустини Чеченистон гузошта мешавад.

Дар ин бора "Фонтанка" бо истинод ба манбааш хабар дода, гуфтааст, ин тасмим 16 июн расман эълон хоҳад шуд.

Ба номи Аҳмад Қодиров гузоштани пули мазкурро комиссияи шаҳрии номгузории Санкт-Петербург пешниҳод карда буд. Аммо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чеҳраҳои шинохтаи Санкт-Петербург, аз ҷумла ҳунарманд Олег Басилашвилӣ ва коргардон Александр Сокуров бо эътироз аз ин қарори комиссия гирдиҳамоӣ карда буданд.

Ин тазоҳурот 6 июн дар Санкт-Петербург баргузор шуда, дар он наздики ҳазор нафар ширкат варзиданд.

XS
SM
MD
LG