Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи малах ба ҷануби Қазоқистон


Серик Турбеков, сардори Шуъбаи кишоварзии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ мегӯяд, ба беш аз 30 ҳазор гектар майдони кишти ин вилоят малахҳо ҳамла кардаанд.

Аз ин миён ба 10 ҳазор гектараш доруи заҳр задаанд.

Турбеков гуфт, ҳанӯз маълум нест, ки осеби малах барои кишоварзон ҷуброн хоҳад шуд ё не,

Ба гуфтаи Темирхон Валихонулӣ, сардори Шӯъбаи нозироти минтақавии ҳифзи растаниҳои вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, ҳангоми задани доруи заҳромез дар майдонҳои кишт 12 мутахассис заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамлаи малахҳои мароккашӣ ба майдонҳои кишт дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG