Пайвандҳои дастрасӣ

Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит -- муовинони раиси ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз сӯи додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, ба утоқҳои махсуси боздоштгоҳ интиқол ёфтаанд.

Вакилони дифои боздоштшудаҳои ҲНИТ мегӯянд, ки Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит ба утоқҳои вижаи боздоштгоҳ ва ё СИЗО-и вазорати адлияи Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.

Ба гуфтаи ин вакилон, азбаски дар Тоҷикистон шароити нигаҳдории онҳое, ки ба ҳасби абад маҳкум шудаанд, вуҷуд надорад, аз ин рӯ Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит дар утоқҳои махсуси боздоштгоҳ ё СИЗО-и вазорати адлия нигоҳдорӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит аз он нигаронӣ кард, ки маҳкумшудаҳои дигар ба боздоштгоҳи маъмулӣ интиқол дода шуданд, аммо шавҳари ӯро ҳамроҳ бо Саидумар Ҳусайнӣ ба утоқҳои вижа интиқол доданд. Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит гуфт, ки аз вакили мудофеъ тақозо кардааст, ки барои мулоқот бо шавҳараш, ба вазорати адлия дархост пешниҳод намояд.

Дар утоқҳои вижа ва ё инфиродӣ афроде нигоҳдорӣ мешаванд, ки ҷиноятҳои сангин содир намуда ва ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ ва раиси пешини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, мегӯяд, ки бародараш аз 12 сол ба ин тараф дар чунин утоқ нигоҳдорӣ мешавад. Оиша Мирзоева гуфт, ки ҳар се моҳ имкони ғизо бурдан ва баъди ҳар ним сол имкони мулоқот бо бародарашро доранд.

Утоқҳои махсуси боздоштгоҳ аз утоқҳои маъмулӣ бо он фарқ мекунанд, ки дар онҷо шумораи зиёди посбонон истихдом шуда ва аз зиндониён ба таври шадид муроқибат мекунанд. Дар утоқҳои махсус маҳкумшудаҳо ба таври инфиродӣ нигоҳ дошта мешаванд, аммо дар утоқҳои маъмулӣ зиндониёнро 7-8 нафарӣ ҷобаҷо мекунанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн ҳукми худ дар нисбати боздоштшудаҳои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро эълон карданд, ки бар пояи он Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Бино ба иттилои вакилони дифоъ ва наздикони боздоштшудаҳо, Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда, бақия аз 14 то 28-солӣ гирифтаанд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст. Додситонӣ мегӯяд аъзои раёсати ҳизб дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон даст дорад.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG