Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбас дар марзи Афғонистон ва Покистон


Баъд аз даргириҳои хунини як ҳафтаи ахир миёни нерӯҳои афғон ва покистонӣ дар гузаргоҳи марзии Турхам, ду кишвар оташбас эълон карданд.

Сафири Афғонистон дар Покистон Ҳазрат Умар Зохивол ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо мақомоти покистонӣ дар мавриди коҳиши ташаннуҷ дар гузаргоҳи марзии Турхам дидору гуфтугӯҳои судманд доштааст.

Гузаргоҳи марзии Турхам вилояти Хайбар Пахтунхоҳи Покистон ва Нангарҳори Афғонистонро ба ҳам мепайвандад ва рӯзона ҳазорон нафар аз ин гузаргоҳ убур мекунанд. Ин гузаргоҳ масири умдаи интиқоли бору коло аз Покистон ба кишварҳои Осиёи Миёна низ ба шумор меравад.

Сафири Афғонистон дар Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо мақомоти покистонӣ сари се масъалаи муҳим -- барқарории оташбас дар Турхам, коҳиши таниш ва низ коҳиши омодагиҳои низомӣ аз ҳар ду ҷониб, ба созиш расидаанд: "Тавофуқи аввал ин буд, ки бояд оташбас шавад. Дувум инки аз роҳи музокира мушкил ҳал шавад ва дар ин маврид рӯи қадамҳои мушаххас баҳс гардид ва то замони тавофуқ, кори сохтмонӣ аз сӯи нерӯҳои покистонӣ мутаваққиф шавад. Савум ин, ки таҷаммуи нерӯҳои ду тараф коҳиш биёбад, то ин масъала аз тариқи гуфтугӯ ҳал шавад."

Даргирӣ миёни марзбонони афғон ва покистонӣ рӯзи якшанбеи 12-уми июн замоне оғоз шуд, ки ҷониби Покистон талош дошт дар 100-метрии умқи марзи Афғонистон панҷараи амниятӣ бунёд кунад, ки ба вокуниши марзбонони афғон рӯбарӯ шуд ва ба даргирии низомӣ печид.

Бар асари ин даргириҳо, тибқи иттилои расонаҳои покистонӣ, 6 сарбози ин кишвар кушта шуда ва чандин нафари дигар ҷароҳатҳо бардоштанд. Дар миёни кушташудаҳои ҷониби покистонӣ як афсар низ мебошад. Дар задухӯрдҳои рӯзи якшанбе 3 сарбози афғон ҳам кушта шудааст ва 18 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳарду кишвар якдигарро дар хушунатҳои Торхам айбдор мекунанд ва теъдоди нирӯҳои худро дар марз афзоиш додаанд. Покистон рӯзи 13 июн кордори сафорати Афғонистонро ба вазорат даъват кард ва вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзе баъд – сафири Покистонро.

Афғонистон марзи кунуниаш бо Покистонро, ки бо номи “хатти Дюран” маъруф аст, эътироф намекунад ва азми Покистон барои сохтани панҷара дар ин хатти марзро маҳкум мекунад. Покистон сохтани ин панҷараро барои пешгирӣ аз убуру мурурҳои ғайриқонунӣ ва нохоста муҳим мешуморад.

XS
SM
MD
LG