Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи моҷаро дар марзи Афғонистону Покистон


Маросими дафни майор Алӣ Ҷавод Чингизӣ дар шаҳри Кветта

Маросими дафни майор Алӣ Ҷавод Чингизӣ дар шаҳри Кветта

Ҳалокати як афсари покистонӣ, ки дар даргириҳо дар марзи Покистон бо Афғонистон ҷароҳат бардошта буд, ба оташи танишҳо дар марзи ин ду кишвар равғани бештар рехтааст. Майор Алӣ Ҷавод Чингизӣ, ки рӯзи 14 июн даргузашт, алакай панҷумин қурбонии тӯпборон дар гузаргоҳи Торхам аст. Дар ин задухӯрдҳои рӯзи 12 июн се сарбози афғон ҳам ҷон бохта, 18 тани дигар аз ҳарду ҷониб маҷрӯҳ шуданд. Фармондеҳи артиши Покистон генерал Роҳил Шариф дар маросими дафни майор Чингизӣ дар Кветта ширкат кард ва сарвазир Навоз Шариф аз ӯ ситоиш кард, ки ҷонашро барои кишвари худ нисор кардааст. Дар ҳамин ҳол, эътирозгарони хашмолуд дар маросими дафни яке аз сарбозони афғон дар Ҷалолобод “Марг ба Покистон!” гӯён шиор задаанд. Ҳарду кишвар якдигарро дар хушунатҳои Торхам айбдор мекунанд ва теъдоди нирӯҳои худро дар марз афзоиш додаанд. Покистон рӯзи 13 июн кордори сафорати Афғонистонро ба вазорат даъват кард ва вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзе баъд – сафири Покистонро. Афғонистон марзи кунуниаш бо Покистонро, ки бо номи “хатти Дюран” маъруф аст, эътироф намекунад ва азми Покистон барои сохтани панҷара дар ин хатти марзро маҳкум мекунад. Покистон сохтани ин панҷараро барои пешгирӣ аз убуру мурурҳои ғайриқонунӣ ва нохоста муҳим мешуморад.

XS
SM
MD
LG