Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО: Русия бояд нирӯҳояшро аз Украина барорад


Йенс Столтенберг

Йенс Столтенберг

Дабири кулли паймони низомии НАТО Йенс Столтенберг аз Русия даъват кард, то нирӯҳо ва таслиҳоташро аз Украина берун кашида, пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар шарқи он кишварро бас кунад. Столтентерг ин ҳарфҳоро рӯзи 15 июн дар пайи нишасти вазирони дифои НАТО дар Брюссел баён кард. Дар ин нишаст вазири дифои Украина Степан Полторак низ ширкат дошт. Бо вуҷуди шавоҳиди фаровон, мақомоти Русия ирсоли нирӯҳо ё таслиҳот ба шарқи Украинаро ҳамеша рад мекунанд. Дабири кулли НАТО гуфт, ин паймон пуштибониаш аз ҳукумати Украинаро идома дода, ҳеҷ гоҳ “тасарруфи ғайриқонунӣ ва ғайримуҷози Қрим” аз сӯи Русия дар соли 2014-ро эътироф нахоҳад кард. Ӯ афзуд, НАТО дар посух ба аъмоли низомии Русия дар Украина пуштибониаш аз Киевро тақвият медиҳад. Йенс Столтенберг гуфт, Русия пуштибониаш аз ҷудоиталабон дар ҷанубшарқи Украинаро аз тариқи таъмини онҳо бо таҷҳизот ва мушовирон идома медиҳад. Ӯ иҷрои қарордоди Минскро танҳо роҳи хатми ҷанг дар шарқи Украина номид. Дар ҷангҳо байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои Украина дар вилоятҳои Донетску Луҳанск аз соли 2014 ба ин сӯ беш аз 9300 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG