Пайвандҳои дастрасӣ

Довари "дараҷаи як"-и Эрон дар Сурия кушта шуд


Маҳдӣ Таҳмосбӣ, довари футбол аз Эрон дар Сурия кушта шудааст.

Маҳдӣ Таҳмосбӣ, довари футбол аз Эрон дар Сурия кушта шудааст.

Як довари "дараҷаи як"-и футбол аз Эрон дар ҷангҳои Сурия кушта шудааст. Сайти расмии Федератсияи Футболи Эрон рӯзи сешанбеи 14-уми июн аз кушта шудани Маҳдӣ Таҳмоcбӣ хабар дод ва ӯро яке аз доварони "дараҷаи як"-и футбол дар вилояти Қуми он кишвар ном бурдааст.

Дар хабари Федератсияи футболи Эрон гуфта мешавад, ки Маҳдӣ Таҳмосбӣ ҳамзамон узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ будааст. Гуфта мешаванд, ки ин довараи "дараҷаи як"-и футбол дар наздикиҳои минтақаи Хон Тумони Сурия ҳамроҳ бо Алӣ Мансурӣ, яке дигар аз аъзои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон кушта шудааст. Ин хабаргузорӣ, сабаби марги ин фармондеҳро таркиши мина гуфта ва навиштааст, ки ҷасади вай рӯзи гузашта дар шаҳри Нишопур ба хок супурда шудааст.

Дар ҷараёни ҷангҳои Сурия даҳҳо тан аз аъзои Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон кушта шудаанд. Эрон мегӯяд, ки дар ҷанги Сурия нерӯҳои низомии ин кишвар дар набардҳо ширкат надоранд ва танҳо мушовирони низомии ин кишвар ба нерӯҳои Башор Асад дар набард бо гурӯҳҳои ифротӣ, машварат медиҳанд.

XS
SM
MD
LG