Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи миллии демократӣ (DNC) ва пажӯҳишгарони масоили амниятӣ мегӯянд, ҳакерҳои ҳукумати Русия шабакаи компютерии Кумитаи миллии демократиро шикаста, ба пажӯҳиши мухолифин дар бораи номзади аршади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дастрасӣ пайдо кардаанд.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков даст доштани ҳукумати Русия дар ин ҳамлаи ҳакерҳоро рад кард. Бори аввал дар бораи ин ҳамла рӯзи 14 июн рӯзномаи амрикоии “The Washington Post” хабар дод. Мудири DNC Дебби Вассерман гуфт, ки онҳо ин ҳамларо хеле ҷиддӣ гирифтаанд. Ба гуфтаи масъулони ин созмон ва ширкати зиддиҳакерии СrowdStrike, тайи рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта ду гурӯҳи ҳакерҳо тавонистаанд ба шабакаи DNC роҳ ёфта, номаҳову мукотибаи кормандонашро мутолиа кардаанд. Мақомоти Амрико гуфтаанд, ки ҷосусони Русия ҳамчунин ба шабакаҳои компютерии Доналд Трамп ва рақиби ӯ аз ҳизби демократ Ҳилларӣ Клинтонро низ ҳадаф қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG