Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон аз Урдун ҳавопаймо мехарад


Ҳавопаймои F-16-и артиши Покистон

Ҳавопаймои F-16-и артиши Покистон

Покистон имкони аз Урдун харидани ҳавопаймоҳои ҷангии истифодашудаи F-16-ро баррасӣ мекунад. Исломобод қаблан ҷиҳати харидории 8 чунин ҳавопаймо аз Амрико қарордод баста буд, вале он тавофуқ ба далели худдории Конгресс аз таъмини молиаш дар ҳоли муаллақ боқӣ мондааст. Сартоҷ Азиз, мушовири аршади ҳукумати Покистон дар умури хориҷӣ рӯзи 14 июн дар Исломобод гуфт, Покистон зоҳиран тавофуқаш бо Амрикоро бекор мекунад. Ин иқдом метавонад ба танишҳои Амрикову Покистон биафзояд. Покистон феълан ҳудуди 70 ҳавопаймои F-16 дорад, ки бархеаш фарсуда шудаанд. Исломобод мегӯяд, барои набард алаййҳи ҷангҷӯёни исломгаро дар манотиқи дурдасти кӯҳистонӣ дар наздикии марзҳояш бо Афғонистон ба ҷангандаҳои ҷадид эҳтиёҷ дорад. Низомиҳои Покистон ҳавопаймоҳои ҷангиро дар сурати ҷанг алайҳи Ҳинд низ ҳаётан муҳим мешуморанд. Ин ду ҳамсоякишвари соҳиби силоҳҳои ҳастаӣ аз замони касби истиқлолашон аз Бритониё дар соли 1947 алакай се бор бо ҳам бар сари минтақаи баҳсии Кашмир вориди ҷанг шудаанд.

XS
SM
MD
LG