Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон аз 15 июн марзҳояшро барои равуои мардум ва убуру мурури нақлиёт бастааст. Гуфта мешавад, ин маҳдудиятҳо ба далели нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд, пойтахти Узбакистон доир мешавад, рабт дошта, то 25 июн марзҳои Узбакистон ба рӯи 4 кишвари ҳаммарзаш – Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон – баста хоҳанд монд. Худи мақомоти Узбакистон дар бораи маҳдудиятҳои ҷоришуда дар роҳи равуои мардум ва ҳаракати нақлиёт дар марзҳои ин кишвар ҳанӯз шарҳи расмие надодаанд. Вале Муҳаммад Улуғхоҷаев, смухангӯи сарраёсати нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон рӯзи 15 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, равуо дар марзҳо аз ҷониби Узбакистон маҳдуд карда шудааст, вале тамоми нуқтаҳои сарҳадиву гумрукӣ аз тарафи Тоҷикистон дар марз бо Узбакистон фаъолият доранд. Улуғхоҷаев гуфт, ҷониби Узбакистон аз қабл мақомоти марзбонии Тоҷикистонро дар ҷараён гузошт, ки убуру мурур аз марзҳояш ба далели омодагиҳои амниятӣ ба нишасти сарони Созмони Шанхай дар Тошканд маҳдуд карда мешаванд.

Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Афғонистон, Муғулистон, Ҳинду Покистон ва Эрон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ рӯзи 15 июн тасдиқ кард, ки “Ҷумҳурии Узбакистон убуру мурури шаҳрвандон, васоили нақлиёт ва борҳоеро, ки аз Қирғизистон ба Узбакистон мераванд, манъ мекунад.” Бино ба ин манбаъ, танҳо истисно сокинони ҷазирақаламрави Бараки Узбакистон, ки дар дохили ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯши Қирғизистон ҷойгир шудааст, мебошанд. Сокинони Барак ҳақ доранд, тибқи режими маъмулӣ аз марзи Қирғизистону Узбакистон убуру мурур кунанд.

Тафсилоти бештар инҷост:

Марзҳои бастаи Узбакистон

XS
SM
MD
LG