Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани ду афсари пулиси Фаронса


Лароссӣ Абдуллоҳ
Лароссӣ Абдуллоҳ

Як марди мусаллаҳ бо корд шоми 13 июн дар маҳаллаи Мананвилл дар канори Порис як фармондеҳ ва ҳамсари ӯро, ки низ дар пулиси Фаронса кор мекард, кушт. Аз ин ҳамла ба манзили афсарони пулис танҳо кӯдаки сесолаи онҳо ҷон ба саломат бурдааст. Худи ҳамлагар дар натиҷаи амалиёти пулис ба ҳалокат расид. Мақомот мегӯянд, ҳамлагари 25-сола, ки аз ӯ Лароссӣ Абдуллоҳ ном мебаранд, ҳангоми музокирааш бо пулис иддао кардааст, ки дар посух ба даъвати раҳбари созмони тундрави “Давлати исломӣ” даст ба ин ҳамла задааст. Як хабаргузории наздик ба ин гурӯҳ низ гуфтааст, ки ҳамла дар канори Порисро “ҷанговар”-и “Давлати исломӣ” анҷом додааст. Бино ба хабарҳо, ин ҳамлагар ахиран таҳти назорати пулис қарор дошт ва қаблан барои иртиботаш бо гурӯҳҳои “ҷиҳодӣ” зиндонӣ ҳам шуда буд.

XS
SM
MD
LG