Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп. Вуруди афғонҳову покистониҳо ва суриягиҳо манъ шавад!


Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА, изҳор намуд, ки дар сурати пирӯзияш вуруди шаҳрвандони Афғонистон, Покистон ва Сурияро ба кишвар манъ мекунад.

Дар як суханронӣ дар робита ба амнияти миллӣ рӯзи душанбе, 13 июн, ӯ гуфт, бо истифода аз ваколати худ вуруди мусалмонҳо аз кишварҳоеро, ки дар онҳо далелҳои террор алайҳи Амрико, Аврупо ва дигар ҳампаймонҳои кишвар собит шудааст, то пайдо шудани роҳҳои аз байн бурдани ин таҳдидҳо мутаваққиф хоҳад кард.

Суханронии Доналд Трамп як рӯз баъд аз ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароҳо дар шаҳри Орландои Флорида, ки дар он 49 нафар ба ҳалокат расиданд, ироа шуд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давдати исломӣ” ба дӯш гирифт.

Ба гуфтаи Трамп, волидайни қотили Флорида Умар Матин дар Афғонистон ба дунё омадаанд, падару модари қотили дигар дар шаҳри Сан-Бернардино покистонӣ ва волидайни хонуми ӯ, ки дар куштор даст дошт, саъудиасл буданд.

Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботияш борҳо таъкид кардааст, ки дар сурати дарёфти курсии раисиҷумҳури ИМА монеъи вуруди мусалмонҳо ба Амрико мешавад.

Анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳ охири моҳи июл дар Кливленд баргузор хоҳад шуд. Интихоботи президентии ИМА 8 ноябр доир мегардад.

XS
SM
MD
LG