Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳониёни Покистон "куштори номусӣ"-ро гуноҳи кабира хонданд


Ҷое, ки Зиннат Бибӣ оташ зада шуд

Ҷое, ки Зиннат Бибӣ оташ зада шуд

Як гурӯҳи бонуфузи мазҳабии Покистон 13 июн дар робита ба куштори номусӣ фатво содир кард. Шӯрои суннии Иттиҳод ахиран изҳор намуд, кушторе чун куштори духтари наврас Зиннат Бибӣ аз сӯи модараш дар шаҳри Лоҳур барои пинҳонӣ бо дӯстдоштааш фирор кардан “гуноҳи кабира” аст. Модар духтари навраси худро зинда ба зинда оташ зад.

Дар изҳороти Шӯрои суннии Иттиҳод, ки зери он сад нафар аз рӯҳониёни маъруф имзо гузоштанд, гуфта шудааст зинда оташ задани духтар барои он ки ӯ бо домоди интихобкардаи модар издивоҷ накардааст, хилофи шариати ислом аст.

Дар фатво аз ҳукумати Покистон даъват шудааст, ки афроди муттаҳам дар куштори номусиро муҷозот кунад.

Ҳамасола садҳо занону духтарон дар Покистон аз сӯи пайвандонашон ба хотири, ба гуфтаи онҳо, ҳифзи номуси оила кушта мешаванд. Бештари гумонбарон дар ин кушторҳо мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор намегиранд.

Аммо дарки мушкил дар Покистон ҳарчӣ амиқтар мешавад. Як филм дар бораи кушторҳои номусӣ дар ин кишвар соли равон сазовори ҷоизаи Оскар шуд.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф ваъда дод, ки ба ин гуна кушторҳо хотима мегузорад. Ӯ аз ҷумла амр кард, ки дар робита ба куштори Зиннат Бибӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Аммо худи ҳамон рӯз боз як духтару писари ҷавон барои издивоҷ бидуни розигии хонавода кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG