Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ куштори дастаҷамъона дар Флоридаро маҳкум кард


Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, бо вуҷуди мухолифати Русия, кишварҳои африқоӣ ва мусалмонӣ, шоми 13 июн куштори дастаҷамъона дар клуби ҳамҷинсгароҳо дар шаҳри Орландои Флоридаро маҳкум кард.

Дар ин тарҳ , ки аз сӯи ИМА таҳия шудааст, Шӯрои амният “ҳамла ба афрод ба хотири ҳамҷиносгаро буданашон”-ро ғайри қобили таҳаммул номид. Як амрикоии афғоннажод шаби 12 июн дар як клуби ҳамҷинсгароҳо 49 нафарро ҳадафи тир қарор дод.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, афроди ношинос даҳҳо ҳамҷинсгароро аз бино ё аз купрук ба поён андохта навори видеоии ин кушторҳои ваҳшиёнаро дар интернет ҷой додаанд.

Ба иттилои СММ, дар дасти кам 74 кишвари олам ҳамҷинсгароӣ ҷиноят маҳсуб мешавад. Мушкили ҳамҷинсгароҳо ҳамеша мавриди баҳсҳо дар СММ қарор мегирад.

Русия ҳам ахиран дар пайравӣ ба кишварҳои мусалмонӣ ҳузури ҳамҷинсгароҳо дар конфаронси СММ оид ба СПИД-ро манъ кард.

XS
SM
MD
LG