Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Андӯҳи Э.Раҳмон аз куштори 49 нафар дар Орландо


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паём ба ҳамтои амрикоияш Барак Обама куштори 49 нафар дар клуби шабона дар Орландоро таслият гуфтааст. Ӯ дар ин паёмаш, ки 14 июн нашр шуд, гуфтааст, "хабари амали террористӣ дар шаҳри Орландоро... бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза дарёфтам." Оқои Раҳмон ин кушторро идомаи "мавҷи даҳшатангези терроризм” дониста ва бори дигар ба "зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъона алайҳи ин таҳдиди глобалӣ" таъкид кардааст. Шаби 11 ба 12 июн дар клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо 49 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар бистарӣ гардиданд. Бино ба иттилои пулис, Умар Сиддиқ Матини 29-сола наздикии соати 2-и шаб дохили клуб шуда, оташ кушодааст ва чун кормандони пулис ба макони ҳодиса омадаанд, ба берун баромада, онҳоро тирборон кардааст. Баъдан дубора дохили клуб гардида, наздики 30 танро гаравгон гирифтааст. "Давлати исломӣ" эълон кард, ки Умар Сиддиқ Матин "сарбози" ин гурӯҳ буд.

XS
SM
MD
LG