Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Фарҳоду Моҳгул қасди худкушӣ карданд? (ВИДЕО)


Фарҳод Рустамов дар бемористон

Фарҳод Рустамов дар бемористон

Фарҳод Рустамов, сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯл)-и вилояти Хатлон, дар як суҳбати видеоӣ қазияи аз ҷарии тақрибан 50-метрӣ ба зер партофтани худу дӯстдоштаашро нақл кард. Фарҳод гуфт, ки ӯву амакбачааш Моҳгул Рустамова якдигарро дӯст медоштанд, аммо моил набудани волидон ба издивоҷи онҳо ҷавононро ба худкушӣ тела додааст.

"Мо якдигарро сахт дӯст медоштем, аммо наздикон барои издивоҷи мо розӣ набуданд," – гуфт ӯ. Дар посух ба суоли онки ҳодиса чӣ гуна рух дод? Ӯ гуфт, "худам ҳам намедонам."

Фарҳод Рустамов ҳамагӣ 20 сол дорад ва Моҳгул 16-сола будааст. Ӯ мегӯяд, ки зоҳиран хеши наздик будани онҳо ба издивоҷашон монеъ шудааст. Фарҳод ҳамагӣ даҳ рӯз пеш аз рух додани ин ҳодиса аз Русия омада буд ва ҳоло дар бемористон бистарист.

Фарида, модари Фарҳод, мегӯяд, ки писараш ҳанӯз аз марги Моҳгул хабар надорад ва шабурӯз аз ҳоли дӯстдоштаи худ мепурсад. "Агар фаҳмад, ки Моҳгул мурдааст, шояд боз қасди худкушӣ кунад. Дилаш, ба фикрам, гувоҳӣ медиҳад, ки Моҳгул дигар нест. Барои ҳамин доим ӯро суроғ мекунад, мепурсад, ки дар куҷосту чӣ ҳол дорад?"

Фарида дар суҳбати видеоӣ тасдиқ кард, ки онҳо барои келин кардани Моҳгул ба хостгорӣ рафта буданд. "Вале падараш ин дархости моро рад кард. Баъд аз ин ба ман хабар доданд, ки писарам дар бемористон хобидааст. Аммо на ман ва на хонаводаи Моҳгул намедонистем, ки онҳо якдигарро ин қадар дӯст медоштанд," – нақл кард ӯ.

Азамат, додари Моҳгрӯ, шоҳиди аз ҷарӣ партофтани Фарҳоду Моҳрӯ будааст. Ӯ мегӯяд, ки ҷавонҳо тақрибан бист дақиқа бо якдигар суҳбат карда, сипас аз ҷарӣ худро сарозер кардаанд. Моҳрӯ баъди аз ҷарӣ партофтан ҷон додааст, аммо Фарҳод зинда аст ва модараш мегӯяд, ки чандон ҷароҳати вазнин набардоштааст.

Шодалӣ Раҳимов, ҳамдеҳаи Фарҳод гуфт, ин ҳодиса ҳамаи сокинонро дар ҳолати шок андохтааст. “Одамон то ҳол ба худ наомадаанд ва ба ин саволашон низ ҷавоб наёфтаанд, ки ҳамаи ин барои чӣ буд?” – мегӯяд ӯ.

Фарҳод Рустамов, сокини рустои Пахтакори ҷамоати Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, субҳи барвақти 7 июн ҳамроҳ бо амакдухтари 16-солааш Моҳрӯ Рустамова, ки дар ҳамсоядеҳаи Умед ба сар мебурд, худро аз як ҷарии баланд партофтанд. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин қиссаро “оқибати сабукандешию бесабрӣ ва ба эҳсосоти зиёд дода шудан” хонд. Вазорат гуфт, ки волидон ба сабаби ноболиғ будани духтар барои оила барпо намудани ҷавонҳо розӣ нашудаанд.

Аз тарафи дигар, дар Тоҷикистон ахиран ба Кодекси оила тағйироте илова шуд, ки издивоҷи хешутабориро манъ мекунад. Ин тағйирот, ки моҳи декабри соли гузашта аз сӯи порлумон тасвиб ва моҳи марти соли ҷорӣ аз тарафи раисиҷумҳур имзо шуд, ҳанӯз пурра ба иҷро надаромадааст, вале мақомоти маҳаллӣ аз ҳоло ба ҷуфтҳое, ки хешу таборанд, иҷозати ақди никоҳ намедиҳанд.

Ин қонун аз 1 июли соли ҷорӣ мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG