Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умар Матин узви гурӯҳи Давлати исломӣ будааст


Умар Матин
Умар Матин

Гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ ё ДОИШ мегӯяд, Умар Матин, ки дар яке аз клубҳои шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Орландои аёлати Флорида даст ба хунинтарин куштор задааст, “сарбоз”-и онҳо будааст.

Умар Матини 29 сола зодаи Амрикост, вале афғонитабор аст. Вай дар ин ҳамла 49 нафарро куштааст. Дар оғоз пулис шумораи кушташудагонро 50 нафар эълон карда буд. Вале гуфта мешавад, ки наҳфари панҷоҳум худи Умар Матин будааст.

Пол Висопал-агенти махсуси Дафтари бозраии федеролии Амрико мегӯяд, 48 нафари қурбониён шиносоӣ шудаанд ва ба хонаводаи 24 нафари онҳо хабар дода шудааст.

Дафтари бозрасии федеролии Амрико мегӯяд, марди мусаллаҳе, ки бомдоди 12 июн дар як бошгоҳи шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландои аёлати Флорида 49 нафарро ҳадафи тир қарор дод, пеш аз тирандозӣ ба навбатдори пулис занг зада гуфтааст, ки вай барои вафодорӣ ба гурӯҳи тундравҳои Давлати Исломӣ савганд ёд кардааст.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ин тирандозиро “амали террористӣ ва инсонбадбинӣ” арзёбӣ кард. Обама афзуд, бозрасон то ҳол маълумотҳоро меомӯзанд” ва бозрасӣ то ҳол идома дорад. Вале бозрасон гуфтаанд, ки ҳанӯз ангезаҳои дақиқи ин куштор рӯшан нашудааст.

Шаҳрдори Орландо 12 июн гуфт, ки 53 нафари дигар тир хӯрдаанд ва вазъи бисёрии онҳо сангин аст. Хабаргузории Амоқ, ки аз гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ ҳимоят мекунад, иддао кардааст, ки Умар Матин узви гурӯҳи онҳо будааст.

XS
SM
MD
LG