Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркманистон ҳарими ҳавоии Узбакистонро нақз кардааст


Дар ноҳияи Музрободи вилояти Сурхундарёи Узбакистон 10 июн марзбонони Узбакистон мушоҳида кардаанд, ки ҳавопаймои Ан-2 чанд бор аз ҷониби Туркманистон ҳарими ҳавоии Узбакистонро нақз кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба хабари ин манбаъ, як ҳавопаймои Ан-2 рангаш сафед, бидуни доштани рамзи кишваре ба самти рустои Оқтоши ноҳияи Мурзободи Узбакистон парвоз кардааст ва 200 метр ба қаламрави Узбакистон даромадааст.

Ин ҳавопаймо баъд аз парвоз дар нуқтаҳои марзӣ ба қаламрави Туркманистон баршгаштааст. Баъд аз як соат ҳамин ҳавопаймо ба самти рустои Қарокамари Узбакистон парвоз кардааст ва боз ба Туркманистон баргаштааст.

Кумитаи давлатии марзбонии Хадамоти амнияти милии Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати такрор ёфтани ин гуна парвозҳо ҷониби Узбакистон барои ҳифзи ҳарими ҳавоии худ ҷораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

XS
SM
MD
LG