Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозии байни сарбозони Афғонистону Покистон


Бино ба гузоришҳо, дастикам як нафар дар даргириҳои миёни сарбозони Покистон бо сарбозони Афғонистон дар минтақаи марзии ағбаи Хайбар кушта шудааст.

Як мақоми расмии Афғонистогн 13 июн гуфт, дар ҳодисаи даромадгоҳи Туркхом дар минтақаи кӯҳистонии миёни ду кишвар ҳамчунин 6 сарбоз захмӣ шудаанд.

Артиши Покистон гуфтааст, ки дар ин даргириҳо як сарбози онҳо ҷароҳат бардоштааст. Бино ба гузоришҳо, ин даргириҳо соати 9 шоми 12 июн шуруъ шудааст ва чанд соат идома доштааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон дар сафҳаи Твиттери худ навиштааст, ки ҷониби Афғонистон “ҳоло дар бораи оташбас бо Покистон ба тавофуқ расидааст. Мо умед дорем, ки ин мушкил аз роҳҳои дипломатӣ ҳал хоҳад шуд”.

Аюб Ҳусайнхел-фармондеҳи пулиси марзии Покистон дар самти Афғонистони шарқӣ гуфтааст, ки “нируҳои амниятии Покистон ба тирандозии ҷониби Афғонистон ҷавоби дандоншикан додаанд”.

Мақомоти расмии Афғонистон аз муддатҳо пеш Покистонро муттаҳам мекунанд, ки ба тундравҳои исломӣ кӯмак мекунад, то ҳукумати Кобулро сарнагун созанд.

XS
SM
MD
LG