Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

УЕФА: Русия ва Англия эҳтимол аз Евро-2016 ихроҷ шаванд


Федератсияи футболи Аврупо ё УЕФА мегӯяд, агар ҳаводорони дастаҳои мунтахаби Русия ва Англия дар оянда ҳам дар бетартибиҳо ширкат кунанд, ронда шудани ин ду даста аз мусобиқаи қаҳрамонии Еврупо аз эҳтимол дур нест.

Рӯзи якшанбе УЕФА бар зидди мухлисони рус барои моҷаробо мухлисони Англия парвандаи интизомӣ кушод. Парванда барои нажодпарастӣ, ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ ё пиротехтника бозх шудааст. УЕФА бар зидди ҳаводорони англис парвандае накушода аст.

Дар даргирии байни мухлисони русу англис дар Марсел пеш аз бозии дастаҳо 11 июн бештар аз 30 нафар ҷароҳат бардошт. Як шаҳрванди 50-солаи Бритониё дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст.

Бозии футбол байни Русия ва Англия бо ҳисоби 1:1 ба охир расид. Баъди ҳуштаки охир мухлисони рус ба ҷои нишасти мухлисони англис гузашта, он ҷо занозанӣ карданд. Вазири варзиши Русия Виталий Мутко сабаби асосии ба вуқуъ омадани ин ҳодисаро таъмини нодурусти амнияти варзишгоҳ ном бурд.

XS
SM
MD
LG