Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Симферопол ёдгории "одамони хушмуомила" сохта шуд


Дар Қрими ғасбшуда дирӯз аз ёдгории "одамони хушмуомила" - бахшида ба низомиёни рус, ки моҳҳои феврал-марти соли 2014 ин нимҷазираро ғасб карданд, пардабардорӣ шуд.

Ёдгории думетрии биринҷӣ дар маркази Симферопол низомии Русия, духтараке бо гул ва сагчаеро тасвир мекунад.

Идеяи сохтани ин ёдгориро вакили порлумони Қрим Валерий Аксенов пешниҳод карда буд. Аксенов падари раиси ҳукумати Қрим Сергей Аксенов аст.

Ёдгорӣ бо 5 миллион рубли маблағи хайрия бунёд шудааст. Пули сохтмонро чандин моҳ ҷамъ овардаанд. Ба иттилои "Қрим.Воқеиятҳо", сокинони Қрим намехостанд барои ёдгорӣ пул диҳанд.

Ин дувумин ёдгории низомии Русия дар Қрим аст. Ёдгории нахсутин дар боғи Боғчисарой 16 марти соли ҷорӣ пардабардорӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG