Пайвандҳои дастрасӣ

Русияву Амрико захираҳои ҳастаии худро коҳиш медиҳанд


Пажуҳишгоҳи Стокҳолм

Пажуҳишгоҳи Стокҳолм

Як маркази мутолеоти манъи густариши аслиҳаи ҳастаӣ дар Шветсия мегӯяд, бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон, яъне Амрико ва Русия захираҳои аслиҳаи ҳастаии худро коҳиш медиҳанд, вале тавоноии ҳастаии худро боло мебаранд.

Пажуҳишгоҳи байналмиллалии мутолеоти сулҳи Стокҳолм дар гузориши солонаи худ, ки 13 июн ба нашр расид, гуфтааст, ки дар оғози соли 2016 нисбат ба ҳамин давораи соли гузашта 9 кишвари ҳастаии ҷаҳон 455 кулоҳаки ҳастаӣ камтар доштаанд.

Гуфта мешавад, ки Амрикову Русия, Британия ва Фаронсаву Чин, Ҳиндустону Покистон ва Исроилу Короеяи Шимолӣ дар оғози соли 2016 дар маҷмуъ 15 395 кулоҳаки ҳастаӣ доштаанд ва аз онҳо 4 120 то он фаъол будаанд.

Вале дар оғози соли 2015 дар ҳамин кишварҳо 15 850 кулоҳаки ҳастаӣ мавҷуд будааст.

Пажуҳишгоҳи байналмиллалии мутолеоти сулҳи Стокҳолм тахмин мезанад, ки дар оғози соли 2016 Русия 7 290 кулоҳак ва Амрико 7000 кулоҳак доштаанд.

Фаронса 300 кулоҳак, Чин 260, Британия 215, Покистон аз 110 то 130, Ҳиндустон 100 то 120 Исроил 80 ва Кореяи Шимолӣ 10 кулоҳак доштаанд.

XS
SM
MD
LG