Пайвандҳои дастрасӣ

Қотил афғонтабори зодаи Амрико будааст


Умар Матин

Умар Матин

Дафтари бозрасии федеролии Амрико мегӯяд, марди мусаллаҳе, ки бомдоди 12 июн дар як бошгоҳи шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландои аёлати Флорида 50 нафарро ҳадафи тир қарор дод, пеш аз тирандозӣ ба навбатдори пулис занг зада гуфтааст, ки вай барои вафодорӣ ба гурӯҳи тундравҳои Давлати Исломӣ савганд ёд кардааст.

Дафтари бозрасӣ ин мардро мушаххас кардааст ва вай Умар Матин-афғонтабори 29 солаи зодаи Амрико будааст. Ин маргбортарин тирандозӣ дар таърихи Амрико ба шумор меравад. Се соат пас аз оғози тирандозӣ, ҳангоме ки пулис ба ин бошгоҳи шабона ҳамла бурд, худи Матин аз тири пулис кушта шудааст.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ин тирандозиро “амали террористӣ ва инсонбадбинӣ” арзёбӣ кард. Обама афзуд, бозрасон то ҳол маълумотҳоро меомӯзанд” ва бозрасӣ то ҳол идома дорад. Вале бозрасон гуфтаанд, ки ҳанӯз ангезаҳои дақиқи ин куштор рӯшан нашудааст.

Шаҳрдори Орландо 12 июн гуфт, ки 53 нафари дигар тир хӯрдаанд ва вазъи бисёрии онҳо сангин аст. Хабаргузории Амоқ, ки аз гурӯҳи тундрави Давлати Исломӣ ҳимоят мекунад, иддао кардааст, ки Умар Матин узви гурӯҳи онҳо будааст.

XS
SM
MD
LG