Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯхтори ду мошини ҳомили бензин дар Ҷаббор Расулов


Дар натиҷаи сӯхтори ду мошини ҳомили бензин дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 3 сокини маҳаллӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Яке аз ин мошинҳо ба Қирғизистон тааллуқ доштааст.

Бино ба иттилои пулиси Суғд, ҳодиса рӯзи 10 июн дар ҳавлии сокини 32-солаи деҳаи Зарафшони ҷамоати Сомониёни ноҳияи мазкур рух додааст. “Дар мошини тамғааш “Ман”, бо рақами давлатии Қирғиғзистон ва як “Камаз”-и мансуб ба Тоҷикистон, ки 2 ҳазор литр бензин доштанд, сӯхтор сар задааст,” – гуфт манбаъ.

Сӯхтор масоҳати 100 метри мураббаъро фаро гирифта, 3 марди сокини ин маҳал ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод, ки аз 5 то 70 дарсади баданашон сӯхтааст, дар беморхонаи маҳаллӣ бистарианд.

Як гурӯҳи фаврию тафтишотии пулиси Суғд дар маҳалли ҳодиса ба маълум кардани сабаби сар задани сӯхтор ва зарарҳои воридшуда машғул аст.

XS
SM
MD
LG