Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйири шеваҳои мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Сироҷиддин Аслов

Сироҷиддин Аслов

Тоҷикистон ба зудӣ стратегияи нави миллии мубориза бо терроризму ифротгароиро барои солҳои 2016-2020 қабул мекунад. Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 13 июн дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе хабар дода ва гуфт, дар стратегияи нав асосан ба чаҳор нукта такя шудааст:

“корҳои фаҳмондадиҳӣ дар робита ба терроризму ифротгароӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон, ҷилавгирӣ аз истифодаи Интернет бо ҳадафҳои ифротгароӣ, пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва роҳ надодан ба андешаҳои терроризму ифротгароёна миёни занон.

Вазири корҳои хориҷӣ дар идомаи ин суҳбаташ аз стандартҳои, ба қавли ӯ, "дугуна"-ибаъзе аз кишварҳои шарики Тоҷикистон ҳам интиқод кард. Ӯ гуфт, ин стандартҳои дугуна иҷоза намедиҳанд, ки ба вазъи минтақа ва таҳдидҳо баҳои воқеӣ дода шавад. Ӯ аз кишваре ном набурд ва “стандартҳои дугона”-ро ҳам шарҳ надод.

"Тоҷикистон бар асоси ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар робита ба ҷилавгирӣ аз хушунату терроризм корҳои назаррасро анҷом додааст. Талош кардааст, ки ҷилави хушунату ифротгароиро дар дохили кишвар бигирад. Мо аз камтарин кишварҳое ҳастем, ки дар рӯбарӯи ин ҳама хатарҳо амнияту суботро нигоҳ доштаем" – гуфт вазири умури хориҷӣ.

Сироҷиддин Аслов мегӯяд, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ кишвар дар тамоми самтҳо муборизаро бо ифротгароӣ ва терроризм тақвият бахшидааст. "Мутаассифона, ин иқдомҳо на ҳамеша аз ҷониби шарикони мо дастгирӣ меёбанд," – гуфт ӯ.

Ба ҳарфҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин нишаст касе вокуниш нишон надод ва бештари ширкатдорон болои роҳҳои ҷилавгирӣ аз хушунати экстремистиро баҳс карданд. Ҷаҳон Султоноғлу, ноиби дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид гуфт, зуҳури идеологияҳои ифротӣ аз ноадолатӣ ва нобаробарии зиёд дар ҷомеаҳо сарчашма мегиранд.

“Зӯроварӣ дар ҳолати ноумедӣ ва дилмондагиву маъюсӣ дар ҷомеа, иқтисод ва сиёсат авҷ мегирад. Экстремизми хушунатомез дар сатҳи ҷамъиятӣ боиси пайдо гаштани нобоварӣ ва авҷ гирифтани он дар байни мардум ва давлат мешавад.” – гуфти Ҷаҳон Султоноғлу.

Мило Комефорт, як намояндаи Бунёди “Бовар”-и Бритониё гуфт, ки ҳоло як раванди бозгашти “ҷиҳодиён” аз кишварҳои дигар ба ватанашон мушоҳида мешавад ва бо танг шудани мавқеи ҷангҷӯёни ДОИШ дар Сурия ва Ироқ ин раванд афзоиш хоҳад ёфт.

“Як рӯз ҷангҷӯён аз Сурия ва Ироқ ба кишварҳояшон бармегарданд. Аз ҳоло барои онҳо барномае бояд дошт, ки то зуд ба ҳаёти мулкӣ баргарданд ва андешаҳои тахрибкориашонро аз сар дур кунанд. Ҳамчунин ин барномаҳо афродеро дар бар бигиранд, ки бо чунин иттиҳом ҳабс мешаванд ” – гуфт Мило Комефорт.

Ҳоло беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат мекунанд ва соли гузашта наздик ба ҳазор нафар бо иттиҳоми ифротгароӣ дар Тоҷикистон боздошт шудааст.

Шаҳрбону Тоҷбахш, коршиноси масоили Афғонистон, мегӯянд, гурӯҳи Хуросон, ки як бахши ДОИШ мебошад, дар Афғонистон беш аз 5 ҳазор нерӯро муттаҳид кардааст ва хатари бузурге барои кишварҳои Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Коршиносон тайи ду рӯз, 13 ва 14-уми мавзуи “Ифротгароии хашин дар Осиёи Марказӣ”-ро баҳс мекунанд. Зоҳиран, шинохти коршиносон ва намояндагиҳои дипломатӣ дар масоили экстремизм аз дидгоҳи мақомҳои расмии Тоҷикистон фарқ мекунад.

Масалан дар кишвар Ҳизби наҳзати исломиро ҳамчун як ҳизби экстремистӣ мамнӯъ карданд, аммо ин ҳизб дар Туркия ва кишварҳои аврупоӣ озодона фаъолият мекунад. Кишварҳои аврупоӣ пайравони ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистонро нерӯҳои сиёсӣ унвон мекунанд, ки зери фишор қарор гирифтаанд. Коршиносон ишораи Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “сиёсати дугуна”-и кишварҳоро ба ҳамин нукта марбут медонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ҳол бо ифротгароӣ ва тундгароии мазҳабӣ даст ба гиребон аст ва тирамоҳи соли гузашта низ як чунин ҳамларо ба раҳбарии Абудҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифо шоҳид шуд. Аммо мунтақидони ҳукумат мегӯянд, ки мақомот ҷанг бо терроризмро барои саркӯб кардани мухолифони сиёсӣ истифода мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG