Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти падари Шарофиддин Гадоев


Мирзоалӣ Гадоев ҳамроҳи ҳамсараш Оишамоҳ Абдуллоева

Мирзоалӣ Гадоев ҳамроҳи ҳамсараш Оишамоҳ Абдуллоева

Мирзоалӣ Гадоев, падари Шарофиддин Гадоев, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24", дар синни 68 даргузаштааст. Наздиконаш гуфтанд, ки Мирзоалӣ Гадоев чанд сол боз дар робита ба фирору фаъолиятҳои сиёсии писараш таҳти фишор қарор дошт. Аз ҷумла, ӯ дар як навори видеоӣ аз писараш хоста буд, ки ба Тоҷикистон баргашта, ба ҳаёти одияш идома диҳад.

Мирзолаӣ Гадоев то соли 1992 ба ҳайси ронанда кор карда, баъдан ба тиҷорати хурд машғул будааст. Соҳиби 9 фарзанд - 5 духтар ва 4 писар.

Шарофиддин Гадоев сор сол пеш тарки Тоҷикистон карда, иддао дорад, ки тиҷорати муваффақи ӯ ва Умаралӣ Қувватовро дар Тоҷикистон ғасб кардаанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар тахаллуфоти молӣ айбдор карда, аз ҳукумати Испания дархости боздошт ва истирдоди ӯро карда буданд.

Аммо додгоҳи шаҳри Мадрид ду соли пеш ин дархости Тоҷикистонро рад карда, ба гуфтаи худи Шарофиддин Гадоев, ба ӯ барои 5 сол дар ин кишвари Аврупо паноҳандагии сиёсӣ додааст.

XS
SM
MD
LG