Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори УЕФА ба дастаҳои мунтахаби Русия ва Англия


УЕФА, Иттиҳодияи анҷуманҳои футболи Аврупо, ба дастаҳои мунтахаби Русия ва Англия рӯзи 12 июн ҳушдор дод, ки дар сурати такрори хушунат аз сӯи мухлисонашон аз идомаи ширкат дар сабқати Евро-2016 маҳрум карда хоҳанд шуд. Ба иттилои сомонаи расмии УЕФА, дар ин бора Иттиҳодияи футболи Русия ва Анҷумани футболи Англия расман огаҳ карда шуданд.

Аз ин пеш УЕФА алайҳи мухлисони рус баъд аз занозанӣ бо мухлисони англис дар Фаронса, ки он ҷо бозиҳои Евро-2016 мегузаранд, парвандаи интизомӣ боз кард. Ба иттилои хабаргузории Associated Press, мухлисони рус дар нажодпарастӣ, ширкат дар бенизомиҳои оммавӣ ва истифода аз маводи оташбозӣ айбдор мешаванд. Алайҳи мухлисони англис парванда боз нашудааст.

Дар задухӯрд миёни мухлисон аз Русия ва Англия қабл аз бозии ду даста дар шаҳри Марсел беш аз 30 нафар осеб диданд ва як сокини 50-солаи Бритониё дар вазъи сангин дар бемористон қарор дорад.

Барои қатъи бенизомиҳо кормандони полиси Фаронса аз гази ашковар истифода бурданд. Бино ба иттилои консулгарии Русия дар Марсел, миёни боздоштшудагон дасти кам як шаҳрванди Русия аст, ки дар расонидани осеби ҷисмонӣ айбдор мешавад.

Бозӣ миёни дастаҳои Русия ва Англия мусовӣ 1 бар 1 поён ёфт. Баъд аз анҷоми бозӣ мухлисони рус ба сектори англисҳо гузашта, занозаниро шурӯъ карданд. Вазири варзиши Русия Виталий Мутко дар шарҳи ҳодиса созмондиҳандагони Евро-2016-ро дар он айбдор кард, ки чораҳои муассири амниятӣ наандешидаанд.

XS
SM
MD
LG