Пайвандҳои дастрасӣ

КАМ: "Ҳама омилони ҳамлаҳо дар Оқтеппа дастгир шуданд"


Ҳама афроди дар ҳамлаҳо дар шаҳри Оқтеппа дастдошта кушта ё боздошт шуданд ва аз онҳо силоҳи зиёде мусодира карда шуд. Дар ин бора сомонаи интернетии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 12 июн хабар дод.

Бино ба иттилои Маркази зиддитеррористии Қазоқистон, ки дар сомонаи Кумитаи амнияти миллӣ (КАМ) нашр шудааст, кормандони ҳифзи тартибот дар бораи дар як манзил дар Оқтеппа пинҳон шудани ҷинояткорони боқимонда иттилоъ гирифтанд. “Дар натиҷаи амалиёт се каси боқимонда Куанишбоев, Танатаров ва Акпанбетов дастгир шуданд. Акпанбетов ҳангоми фирор аз пояш тир хӯрд”, омадааст дар хабари сомонаи КАМ.

Як рӯз пеш мақомоти амниятӣ дар бораи боздошти боз ду нафари гумонбар дар ин ҳамлаҳо хабар дода буд.

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамла ва амалиёти вижае, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ сурат гирифт, дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Ду рӯз пеш Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо нашри як баёния гуфт, ки дар амалиёт ба манзиле дар Оқтеппа 4 “террорист”-ро куштанд. Як марди дигар дар кӯча алайҳи пулис тир кушодааст ва аз оташи ҷавобӣ ҷон бохтааст.

Ёдбуди қурбониёни ҳаводиси Оқтеппа

Ёдбуди қурбониёни ҳаводиси Оқтеппа

Мақомоти Қазоқистон то ҳол гурӯҳи масъули ҳамлаҳои Оқтеппаро мушаххас накардаанд, вале онҳоро “тундравони мазҳабӣ” ном мебаранд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 8 июн бо нашри як баёния дар сомонаи расмияш гуфт, ҳамлагарон пайравони як равияи тундрави мазҳабӣ буданд ва аз хориҷи кишвар раҳнамоӣ мешуданд.

Баъд аз ҳамлаҳо гурӯҳе, ки худро "Артиши озодибахши Қазоқистон" муаррифӣ намуд, дар баъзе аз расонаҳои ҷаҳонӣ изҳороте нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, "ин аввалин ҷанги ҷонибдорони рушди демократии Қазоқистон зидди диктатураи Назарбоев буд". Аммо вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, ки дар бораи "Артиши озодбахши Қазоқистон" иттилое надорад. Ин гурӯҳ ҳам дигар аз худ дарак надод.

Бӯрихон Нурмуҳаммажов

Бӯрихон Нурмуҳаммажов

Бӯрихон Нурмуҳаммадов, раиси Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоии Қазоқистон, мегӯяд, ки амалиёти террористӣ дар Оқтеппа ҳамон вақт анҷомёфта маҳсуб мешавад, ки сатҳи баландтарини таҳдиди террористӣ дар ин шаҳр пойин бурда шавад.

Дар робита ба афроди “пушти саҳна” дар ҳаводиси Оқтеппа андешаҳои гуногун баён мешаванд, аммо аз нигоҳи мусоҳиби мо, бидуни шубҳа, робитаи муайяни ин ҳаводис бо марказҳои муайян ваё робитаи омилон бо афроде дар хориҷа ба гунае вуҷуд дорад. “Ин робита шояд маҷозӣ бошад ва шояд мустақим, фикр мекунам, ки инро дар оянда тафтишот муқаррар хоҳад кард. Ман бар онам, ки бе ҳеҷ далеле ё раҳнамоие ягон гурӯҳ силоҳ ба даст гирифта, амалеро чун дар Оқтеппа роҳандозӣ намекунад”, мегӯяд Бӯрихон Нурмуҳаммадов.

Аз нигоҳи сиёсатшинос, ҳоло бояд ба суолҳое посух ҷуст, ки чӣ омиле ё киҳо ҳамлагаронро барои ноором крадани вазъ дар Оқтеппа таҳрик доданд, онҳо бо ҳам чӣ гуна робита доштанд ва аз куҷо раҳнамоиӣ мешуданд - аз дохили кишвар ё аз хориҷа. Фақат баъд аз пайдо кардани посух ба ин суолҳо афроди пушти саҳна ошкор хоҳанд шуд, меафзояд мусоҳиби мо.

Ҳамзамон Бӯрихон Нурмуҳаммадов аз сӯи мақомоти амниятӣ "тоб додани мурватҳо"-ро байид намедонад, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳо дар Оқтеппа “калонтарин таҳдиди террористӣ буд, ки солҳои ахир Қазоқистон ба он рӯ ба рӯ шудааст – ҳам аз рӯи миқёс, ҳам аз рӯи афроди дахил ба он, ҳам аз рӯи муддате, ки идома кард, ҳам аз рӯи силоҳе, ки мусодира шуд”. Аз ин рӯ, гомҳои ҳукумат, ки онҳоро раисиҷумҳур Назарбоев дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ баён хоҳад кард, пеш аз ҳама ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои террористӣ дар оянда бардошта мешаванд. Ин гомҳо, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ташдиди қонуни муҳоҷират, таъмини амнияти корманди ҳифзи тартибот, ташдиди муҷозот барои ҳамлаи террористӣ хоҳанд буд.

Бо вуҷуди ин, ман фикр мекунам, ки таҳлили амиқтари ҳаводиси Оқтеппа, яъне таҳлили ҳамаҷониба зарур аст, меафзояд сиёсатшиноси қазоқ.

XS
SM
MD
LG