Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Орландо ба 50 нафар расид


Бар асари тирандозӣ дар як клуби ҳамҷинсгароҳо дар шаҳри Орландои аёлати Флорида, бино ба иттилои ахир, 50 нафар кушта ва дасти кам 53 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар ин бора рӯзи 12 июн мири шаҳри Орландо Будди Диер хабар дод.

Аз ин пеш раиси полиси шаҳр Ҷон Мина теъдоди кушташудагонро тақрибан 20 нафар гуфта буд.

Қаблан хабар дода мешуд, марди мусаллаҳе, ки шаби 11 ба 12 июн дар клуби мавсум ба Pulse дар Орландо тирандозӣ карда ва даҳҳо нафарро гаравгон гирифт, аз сӯи полис кушта шудааст.Баъзе аз расонаҳо аз ҳамлагар чун Умар Матин, як афғони шаҳрванди Амрико, ном бурдаанд. Мақомоти ҳифзи тартибот робитаи эҳтимолии ӯ бо гурӯҳҳои тундравро тафтиш мекунанд.

Намояндаи Бюрои федеролии тафтишоти ИМА Дэнни Бэнк изҳор намуд, ки куштори дастҷамъона чун амали террористӣ тафтиш хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, полис он нуктаро тафтиш мекунад, ки ин терроризми дохилист ё байнулмилалӣ ва ҳамлагар танҳо амал мекард ё ҳампаймонҳо низ дошт.

Тирандозӣ тақрибан соати 2-и шаб ба вуқӯъ пайваст. Субҳи барвақт кормандони полис ба амалиёти раҳоии гаравгонҳо шурӯъ намуданд.

XS
SM
MD
LG