Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар тирандозӣ дар як клуби Орландо


Клуби ҳамҷинсгароҳо дар Орландо
Клуби ҳамҷинсгароҳо дар Орландо

Бар асари тирандозӣ дар як клуби ҳамҷинсгароҳо дар шаҳри Орландои аёлати Флорида, бино ба иттилои ахир, тақрибан 20 нафар ба ҳалокат расида, дасти кам 42 нфари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба иттилои раиси полиси шаҳр Ҷон Мина ҳамаи маҷрӯҳон ба бемористон интиқол ёфтанд.

Қаблан хабар дода мешуд, марди мусаллаҳе, ки шаби 11 ба 12 июн дар клуби мавсум ба Pulse дар Орландо тирандозӣ кардааст, кушта шудааст. Ҷон Мина дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳамлагар милтиқ ва туфангча дошт.

Намояндаи Бюрои федеролии тафтишоти ИМА Дэнни Бэнк изҳор намуд, ки куштори дастҷамъона чун амали террористӣ тафтиш хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, полис он нуктаро тафтиш мекунад, ки ин терроризми дохилӣ ё байнулмилалӣ ва ҳамлагар танҳо амал мекард ё ҳампаймонҳо низ дошт.

Тирандозӣ тақрибан соати 2-и шаб ба вуқӯъ пайваст. Субҳи барвақт кормандони полис ба амалиёти раҳоии гаравгонҳо шурӯъ намуданд.

XS
SM
MD
LG