Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев "Раҳпаймоии баробарӣ" баргузор шуд


Дар шаҳри Киев рӯзи 12 июн, бо вуҷуди таҳдидҳои зиёди миллатгароҳо, “Раҳпаймоии баробарӣ” баргузор шуд. Мақомоти Украина барои таъмини амният дар раҳпаймоӣ чораҳои бесобиқа андешиданд.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи тартибот, 50 нафаре, ки мехостанд раҳпаймоиро халалдор кунанд, дастгир шуданд. Аз ҷумла, ба навиштаи "Украинская правда", як марди ношинос аз дасти яке аз раҳпамоҳо парчами Украина кашида гирифт, то онро "доғдор" накунад.

“Раҳпаймоии баробарӣ” алайҳи нақзи ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо дар чаҳорчӯби форуми байнулмилалии «КиевПрайд-2016», аз канори бинои асосии Донишгоҳи миллии Киев ба номи Тарас Шевченко шурӯъ шуд ва дар назди истгоҳи метрои ба номи Лев Толстой анҷом ёфт.

Садҳо нафар, аз ҷумла, намояндагони сафоратхонаҳо, сиёсатмадорони Украина, кормандони сохторҳои аврупоӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин раҳпаймоӣ зери шиори “Барои озодии мову шумо!” ширкат намуданд.

Гуфта мешавад, ки ин дафъа дар раҳпамоӣ теъдоди рекордии одамон ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG