Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти боз ду гумонбари ҳамлаҳо дар Оқтеппа


Мардум аз қурбониёни бегуноҳи ҳамлаҳо дар Оқтеппа ёд мекунанд
Мардум аз қурбониёни бегуноҳи ҳамлаҳо дар Оқтеппа ёд мекунанд

Хадамоти амнияти Қазоқистон дар бораи боздошти боз ду нафари гумонбар дар ҳамлаҳо дар шаҳри Оқтеппа хабар дод. Бино ба иттилои сомонаи ин ниҳоди амниятӣ, гумонбарон рӯзи 11 июн дар ҷараёни амалиёти вижаи таъмини амният дар канори шаҳри Оқтеппа дастгир карда шуданд.

Рӯзи 5 июн як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва қисми низомии Горди миллии Қазоқистон ҳамла кард. Дар натиҷаи ин ҳамла ва амалиёти вижае, ки аз сӯи нерӯҳои амниятӣ роҳандозӣ шуд, дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ду рӯз пеш Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо нашри як баёния гуфт, ки дар чаҳорчӯби амалиёти вижа дар манзиле дар Оқтеппа 4 “террорист”-ро куштанд. Гуфта мешавад, як марди дигар дар кӯча алайҳи пулис тир кушодааст ва аз оташи ҷавобӣ ҷон бохтааст.

Мақомоти Қазоқистон то ҳол гурӯҳи масъули ҳамлаҳои Оқтеппаро мушаххас накардаанд, вале онҳоро “тундравони мазҳабӣ” ном мебаранд. Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 8 июн бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, ҳамлагарон пайравони як равияи тундрави мазҳабӣ буданд ва аз хориҷи кишвар раҳнамоӣ мешуданд.

XS
SM
MD
LG