Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" аз бандари шаҳри Сирт берун карда шуд


Ҳукумати Либия мегӯяд, ки нерӯҳои низомӣ дубора бандари шаҳри Сиртро таҳти назорат гирифтанд. Бино ба иттилои расмие, ки рӯзи 11 июн нашр шуд, дар амалиёти берун кардани ситезаҷӯёни гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз бандар, ду сарбози ҳукуматӣ кушта шуда ва ҳашт нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Сирт - зодгоҳи раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ аст. Амалиёт барои бозгардони ин шаҳр аз сӯи нерӯҳои ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид дар Троблус ташкил шудааст, моҳи гузашта шурӯъ шуда буд.

Ба иттилои мақомоти ҳукуматӣ, артиш як маҳаллаи зисти воқеъ дар шарқи Сиртро ҳам аз ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” озод кард. Дар маркази Сирт ситезаҷӯёни зиёде дар муҳосира қарор доранд.

XS
SM
MD
LG