Пайвандҳои дастрасӣ

Дар канори мақбараи Саийда Зайнаб таркиш рӯй дод


Оромгоҳи Сайида Зайнаб дар Димишқ

Оромгоҳи Сайида Зайнаб дар Димишқ

Расонаҳои Сурия аз ҳалокати дасти кам ҳашт нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз даҳ касидигар бар асари ду таркиш дар канори шаҳри Димишқ хабар доданд. Як маргталаб рӯзи 11 июн мошини ҳомили маводи таркандаро дар даромадгоҳи мақбараи Сайида Зайнаб, ки макони муқаддас барои шиаҳои олам маҳсуб мешавад, мунфиҷир кард.

Таркиши дуввум низ дар ҳамин минтақа рӯй додааст.

Маркази назорат аз болои ҳуқуқи башар дар Сурия, мақараш дар Бритониё, мегӯяд, ки дар ин таркиш дар канори мақбара дасти кам 12 нафар ҷон бохтаанд.

Масъулияти ҳамларо ахиран гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт.

Мақбараи Саийда Зайнаб, духтари ҳазрати Алӣ ва набераи паёмбар Муҳаммад (с), дар тули ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, ки шаш сол боз идома дорад, борҳо мавриди ҳамлаи афроди маргталаб ва таркиши мошинҳои ҳомили маводи тарканда қарор гирифтааст. Дар як ҳамла, ки моҳи феврал сурат гирифта буд, 83 нафар кушта ва беш аз 170 кас маҷрӯҳ шуда буданд.

Масъулияти бархе аз ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG