Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Полиси Фаронса аз задухӯрди мухлисони русу англис ҷилавгирӣ кард


Полиси Фаронса аз задухӯрд миёни мухлисони футболи Англия ва Русия дар шаҳри Марсел ҷилавгирӣ кард.

Қарор аст, ки дар ин шаҳр рӯзи 11 июн дар чаҳорчӯби бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо дастаҳои Русия ва Англия бо ҳам рақобат кунанд. Барои тамошои ин бозӣ тақрибан 20 ҳазор мухлис аз Русия ва 80 ҳазор мухлис аз Англия ба Марсел омадаанд ва барои ҷилавгирӣ аз низоъ миёни онҳо тақрибан ҳазор корманди полис сафарбар шудаааст.

Полиси Фаронса хабар дод, ки онҳо шоми ҷумъа мухлисони хашини ду тарафро аз ҳам ҷудо карда, дасти кам ду нафарро боздошт намуданд. Кормандони полис барои пароканда кардани мухлисҳои масти англис аз гази ашковар истифода бурданд.

Намояндаи вазорати умури дохилии Фаронса Пиер-Анри Бранде гуфт, ки миёни мухлисон занозании кӯтоҳ рӯй дод. Бар пояи хабарҳо, барои ҷилавгирӣ аз мухлисони хашин кормандони полиси Русия ва Англия ҳам ба Марсел омадаанд.

Евро-2016 рӯзи 10 июн бо бозии дастаҳои Фаронса ва Руминия дар варзишгоҳи шаҳри Сан-Денӣ оғоз ёфт. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд.

XS
SM
MD
LG