Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Эрдуғон дар маросими дафни Муҳаммад Алӣ иҷозаи суханронӣ надоданд


Гуфта мешавад, ки дар маросими хоксупории Муҳаммад Алӣ, муштзани маъруф, ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия ва Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун иҷозаи суханронӣ надоданд.

Рӯзи ҷумъа маросими хоксупории Муҳаммад Алӣ бо ҳузури ҳазорон нафар, ки аз нуқтаҳои гуногуни Амрико ва ҷаҳон, ки ба шаҳри Луисвилл дар иёлати Кентакки омада буданд, баргузор шуд. Тибқи гузоришҳо, дар ин маросим Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Амрико ва шуморе аз шахсиятҳои маъруфи дигар суханронӣ кардаанд.

Ба гузориши "Вошингтон пост", пас аз он, ки ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия иҷозаи суханронӣ дар бахши асосии маросими хоксупории Муҳаммад Алӣ дода нашуд, вай бо ҳавопаймои ихтисосӣ ҳамроҳ бо чанд тан аз мақомоти ин кишвар, пеш аз маросими хоксупорӣ шаҳри Луисвилл дар иёлати Кентаккиро ба қасди Туркия тарк кард.

Дафтари раиси ҷумҳури Туркия эълон кардааст, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон сафари худро кӯтоҳ кардааст, вале маълумоти зиёд дар ин бора ироа накардааст.

Тибқи ин гузориш, номи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба ҳамроҳи Билл Клинтон ва Билли Крустал дар феҳристи суханронҳои ин маросим қарор дошт, аммо рӯзи душанбе сухангӯи хонаводагии Муҳаммад Алӣ гуфт, ки номи ду меҳмон ба феҳристи суханронҳои маросими хоксупорӣ изофа шудааст. "Вошингтон пост" навиштааст, ки илова шудани номи ин ду ба маънои ҳазфи номи Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун аз феҳристи суханронҳои аслӣ буд.

"Вошингтон пост" ҳамчунин навиштааст, ки тибқи бархе гузоришҳо, ҳазфи суханронии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба сабабҳои дигар, ба ғайр аз изофа шудани ду суханрони дигар, будааст.

Як хабаргузории Туркия навишааст, дар рӯзе, ки маросими ҷанозаи Муҳаммад Алӣ баргузор шуд, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, қасд доштааст, порчае аз пӯшиши Каъбаро рӯи тобути Муҳаммад Алӣ бигузорад, аммо созмондиҳандагони маросим бо ин дархост мухолифат карданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз гузоришҳои таъйидношуда мегӯянд, ки хонаводаи Муҳаммад Алӣ аз Фатҳуллоҳ Гюлен, шахсияти мазҳабии Туркия, ки дар Амрико дар табъид ба сар мебарад, даъват кардаанд, то дар маросими хоксупорӣ ширкат кунад ва ин амр сабаби нороҳатии Раҷаб Таййиб Эрдуғон шудааст. Фатҳуллоҳ Гюлен аз мухолифони Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG