Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Томас Кент, журналисти собиқадори хабаргузории Associated Press президенти ҷадиди Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ эълон шуд. Ҷефф Шелл, мудири BBG – Созмони суханпарокании Амрико рӯзи 10 июн бо муаррифии Томас Кент гуфт, “Том дар як раванди пуррақобати интихобот аз миёни як идда номзадҳои қавмӣ интихоб карда шуд. Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ аз доштани чунин раҳбари моҳир хеле бурд хоҳад кард.”

Томас Кент аз соли 1972 дар Associated Press кор карда, мудири дафтари ин расона дар Маскав, дабири бахши байналмилалӣ, муовини сардабир ва дар ин авохир сардабири меъёрии Associated Press будааст.

Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ як расонаи мустақили хабарист, ки ба 28 забон барои 23 кишвар, бо шумули Тоҷикистон барнома пахш мекунад.

XS
SM
MD
LG