Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёдгории таърихии 3000-соларо тарконданд


Яке аз ёдгориҳои Нимруд

Яке аз ёдгориҳои Нимруд

Созмони тундрави “Давлати исломӣ” видеоеро нашр кард, ки дар он чигуна таркондани як ёдгории таърихии 3000-соларо дар шаҳри Нимруд дар шимоли Ироқ намоиш медиҳад. СММ рӯзи 9 июн тасдиқ кард, ки аксҳои моҳвораӣ “тахриботи зиёд дар дарвозаи асосӣ”-и маъбади Набу – худои ҳикмат дар мазҳаби даврони Бобулистонро нишон медиҳад. Нимрӯдро ошӯриҳо ҳанӯз 13 аср қабл аз милод бино кардаанд. Ин шаҳр дар 30-километрии ҷануби Мосул ҷойгир буда, аз соли 2014 таҳти назорати ҷангҷӯён қарор дорад. Видеои “Давлати исломӣ” ҳамчунин булдозерҳоро дар ҳоли ба хок яксон кардани дарвозаи Нергал, қисме аз девори таърихии шаҳри Нинева дар Мосул намоиш медиҳанд. Мардони ришдор дар видео мегӯянд, ки мақсад аз тахриби ин биноҳо ҷилавгирии бозгашти мусалмонон ба бутпарастист. “Давлати исломӣ” ҳар навъ фарҳанги тоисломӣ ва ҳатто тафсирҳои бо ақидаи ифротии онҳо муғойири мазҳаби суннии дини Исломро ширк ваё куфр ҳукм мекунад. Ин гурӯҳ ба ҷуз аз тахриби ёдгориҳои бебаҳои таърихӣ дар шимоли Ироқ ҳамчунин бо таркондани маъбадҳову биноҳои дигари бостонӣ дар шаҳри Палмира дар Сурия ном баровардааст. “Давлати исломӣ” ҳамчунин ба фурӯши ёдгориҳои таърихии дуздишуда низ айбдор мешавад. Бостоншиносон мегӯянд, ин гурӯҳ дар ду соли охир ба маконҳои таърихии Ховари Миёна зиёни беҳисоб расондааст.

XS
SM
MD
LG