Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми як мубаллиғи Ҳизб-ут-Таҳрир дар Тува


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ҷумҳурии Тува дар минтақаи Сибири Русия як шаҳрванди Қирғизистонро барои ҷалби афрод ба сафи созмони мамнӯи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии Тува рӯзи 10 июн гуфт, зодаи Бишкек Азамат Қосимбек-Уулу ба гуноҳаш эътироф кардааст. Ҳизб-ут-Таҳрир як созмони суннигарои марказаш дар Лондон аст, ки барои дар як “хилофати исломӣ” муттаҳид кардани ҳамаи кишварҳои мусалмоннишин мубориза мебарад. Додгоҳи олии Русия фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрирро ҳанӯз дар соли 2003 манъ кард. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Қирғизистону Тоҷикистон низ манъ шудааст. Мақомоти Бишкек ҳизби Таҳрирро бахше аз стратегияи ҷангҷӯёни Ал-Қоида ва “Давлати исломӣ” барои тундрав сохтани ҷавонон ва ҷалби онҳо ба ҷангҳои Сурияву Ироқ мешуморанд.

XS
SM
MD
LG