Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар даромадгоҳи Кремл


Маъмурони ФСО – Хадамоти федеролии посбонӣ, ки масъулияти ҳифозати муҳимтарин иншооти давлатии Русия, аз ҷумла Кремлро бар ӯҳда доранд, рӯзи 10 июн аз талоши ба Кремли Маскав ворид шудани як зодаи Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд. Хабаргузории “Москва” аз қавли манбааш дар мақомоти интизомии пойтахти Русия хабар дод, ки муҳоҷири 25-сола аз Тоҷикистон мехост бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Русия вориди Кремл шавад. Аммо посбонҳо дарёфтаанд, ки ӯ акси худро дар шиносномаи бегона часпондааст. Шиносномаи қалбакиро баъди боздошти ин муҳоҷири тоҷик мусодира кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ ба кадом ҳадаф мехост вориди Кремл шавад.

Дар моҳи май як рустабори зодаи Узбакистон низ ҳангоми қасди вуруд ба Кремл дастгир шуда буд. Ӯ дар шарҳи амалаш гуфт, мехост аз раисиҷумҳур Владимир Путин осон кардани тартиби ироаи шаҳрвандии Русияро дархост кунад.

XS
SM
MD
LG