Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони шарқи Украина то поёни сол ҳал мешавад?


Сюзан Райс
Сюзан Райс

Кохи Сафед талош дорад, то муомилаи сулҳи шарқи Украина ҳанӯз то анҷоми давраи раёсати президенти Амрико Барак Обама амал бипӯшад. Мушовири амнияти миллии Амрико Сюзан Райс ба нашрияи “Washington Post” ҳамчунин гуфт, ки ӯ расидан ба чунин тавофуқро то поёни соли ҷорӣ имконпазир мешуморад. Обама рӯзи 20 январи соли 2016 расман тарки мақом мекунад. Райс афзуд, мақомоти Амрико ҳамроҳ бо Фаронсаву Олмон талошҳои худ барои ба иҷрои қарордоди Минск ташвиқ кардани Русияву Украинаро афзоиш медиҳанд. Қарордоди Минск аз моҳи феврали соли 2015 эълони оташбас байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия ва анҷоми як силсила тадбирҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла интихоботи маҳаллиро ба хотири хатми низоъ дар шарқи Украина дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG